Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Маркази ҷавононро ифтитоҳ намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Маркази ҷавонон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар ин бино барои фаъолияти ҷавонон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии «Офтобак»-ро ба истифода доданд

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии «Офтобак»-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот 4-ошёна буда, дар он 19 нафар ба тарбиятгирандагон таълим медиҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ифтитоҳ намуданд

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд сохта шудааст.

Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Страницы