Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Ҷум, 20/10/2023 - 09:0619 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.