Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фархор бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 19/10/2023 - 19:1319 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ «Маркази ташхисиву табобатии Ориёно» дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.