«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз меёбад
Нашр шуд. Ҷум, 13/10/2023 - 11:31Имрӯз, 13 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ ба кор оғоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат дар пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гул гузошта, оид ба осор ва рӯзгори ӯ суҳбат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.
Конференсия аз 4 бахш: таърих, фалсафа, ҷуғрофия, адабиёт...