Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд
Нашр шуд. Чор, 11/10/2023 - 16:52Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар театри мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев