Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд
Нашр шуд. Шан, 30/09/2023 - 10:3329 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки бо шарофати дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушди босуръати худро идома медиҳад.