«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
Нашр шуд. Сеш, 26/09/2023 - 10:00Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифта, фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доранд.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад. Довталабон дар номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишу маҳорат месанҷанд.