Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот анҷом доданд
Нашр шуд. Чор, 20/09/2023 - 14:46
Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат аз корхонаҳои шаҳри Исфара: «Меваи тиллоӣ», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Меваи заррин», корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии «Лаззати Хатлон» маҳсулот мефурӯшанд ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд.
Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.
«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».
Copyright KTR © 2024,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj