Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА
Нашр шуд. Чор, 20/09/2023 - 14:47
Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат аз корхонаҳои шаҳри Исфара: «Меваи тиллоӣ», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Меваи заррин», корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии «Лаззати Хатлон» маҳсулот мефурӯшанд ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд.
Copyright KTR © 2024,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj