Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»
Нашр шуд. Чор, 20/09/2023 - 14:45Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат намоянд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 сентябр зимни суханронӣ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор ибрози андеша намуданд.
«Мо, бо назардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ба кӯшишҳои мо ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд».