Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёӣ иштирок менамоянд, мулоқот намуданд
Нашр шуд. Сеш, 19/09/2023 - 07:56Имрӯз Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ иштирок менамоянд, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён иштирок намуданд.