Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 09/09/2023 - 16:07Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.
Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:
«Ҷаноби Олӣ
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро мерасонам.