Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Нашр шуд. Пан, 07/09/2023 - 15:59Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлат сараввал сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкурро ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд.