Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Имрўз дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарият, намояндагони сохторҳои Кумита ва Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Роҳбари давлат сараввал сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкурро ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид

Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамчунин ҳайати кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ карда шуд.

ДУШАНБЕИ ГУЛБАДОМОН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба пешвози ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулгашти назди Сирки давлатӣ, дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба пешвози ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хосса оро ёфтааст.

Ба хушҳолии кӯдакону наврасон ва хурсандии пиру ҷавон дар ин макони гулбадомон нигариста, кас шукронаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати Ватан менамояд.

Страницы