Ахбор

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт

1 сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерландия ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони...

Қадрдонии кормандони Кумита

Имрӯз  ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони сохторҳои гуногуни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоиста Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов мулоқот доир намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии...

ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Ҳалли мушкилоти вобаста ба ин баҳр ба манфиати 60 миллион аҳолии ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад буд

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Страницы