Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Нашр шуд. Пан, 31/08/2023 - 14:2631 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.