Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд
Нашр шуд. Пан, 31/08/2023 - 14:2631 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.
Корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, 8 гектари он барои сохтмони худи коргоҳ ва 2 гектари дигар барои анбори нигоҳдории ашёи хом пешбинӣ гардидааст.