Ахбор

НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНА. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории он

Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд

25 август дар толори Театри давлатии опера ва балети «Остона Опера» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даромадгоҳи Театри давлатии опера ва балети “Остона Опера” аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, шумораи зиёди мусаввараҳои бадеӣ ва аксҳо, намунаи либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонони олимақом гардонида шуд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона — пойтахти ин кишвар ворид шуданд.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.

Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид

21-24 август дар Алмато ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи СҲШ иттилоъ медиҳад.

Ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон доираи васеи масъалаҳои татбиқ ва омодасозии қарорҳои нави шурои сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа лоиҳаҳои Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035, ташаббусҳои Созмон «Дар бораи ваҳдати ҷаҳонӣ барои ҷаҳони одилона ва ризоият» ва Консепсияи беҳтар намудани фаъолияти он рӯнамоӣ шуданд.

Страницы