Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ноҳияи Роштқалъа маҳз аз баракати истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст»
Нашр шуд. Пан, 24/08/2023 - 00:24Роштқалъа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дубора ба ҳайси ноҳия таъсис ёфта, тайи зиёда аз сӣ соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои худро куллан дигаргун намудааст.
Гузашта аз ин, ҳар ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи зебоманзари Роштқалъа ба рушду нумуи он такони ҷиддӣ бахшида, дар ин замина корҳои ободонӣ боз ҳам пурвусъат мегарданд.