Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 18/08/2023 - 11:1117 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия мешаванд.