Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим намуданд

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва  ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоиши маҳсулоти ин корхона шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, васлу насби техникаи корӣ ва муҷаҳҳазсозии бино соли 2022 анҷом ёфтааст.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 458 нафар довталабон аз ноҳияҳои минтақа иштирок намуда, байни ҳам маҳорат меозмоянд, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Қабл аз ифтитоҳ масъулини вилояти Хатлон ва дигар мутасаддиёни озмун ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият хоста, аз ҳакамон шаффофияту масъулиятшиносӣ тақозо намуданд.

Масъулин аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба китобу китобхонӣ ёдовар шуда, имтиёзҳои дар ин самт созмондодаро махсус таъкид доштанд.

Страницы