Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав
Нашр шуд. Чор, 16/08/2023 - 12:276 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Ванҷ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.