Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро мавриди истифода қарор доданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ, ифтитоҳи кӯдакистон ва муаррифии бинои Маркази хизматрасонии нав

6 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.

Дар ноҳияи Ванҷ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дар Маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи сайëҳию истироҳатии “Чорчаман” аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Дарвоз дидан намуданд.

Дар растаҳои алоҳида маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Дарвоз, аз қабили калсит ва маводи аз он истеҳсолшаванда, санги мармар, маҳсулоти пластикӣ, бомпӯш, рангҳои ороишӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ордӣ ва меваю сабзавоти хушки бо сифати баланд ва замонавӣ бандубастшуда, обҳои ташнашикан армуғонҳо ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ба ҳалокат расидани одамони зиёд бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон боиси андӯҳи амиқи мо гашт.

Хоҳишмандам таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам»

Страницы