Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз шинос шуданд

15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бунёд карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз 3-ошёна буда, аз 100 кати хоб иборат мебошад.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ 3506 нафар довталабон бо ҳам рақобат менамоянд

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин даври озмун  278 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 405 нафар аз шаҳри Душанбе, 1146 нафар аз Суғд, 1170 нафар аз вилояти Хатлон ва 507 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаш номинатсия байни ҳам рақобат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи истеҳсоли макарон дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-cолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо 12 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Cуханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз

15.08.2023, ноҳияи Дарвоз

Ҳамватанони азиз
Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти ин ки мулоқоти имрӯзаи мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад, ҳамаи сокинони меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Дарвоз ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ин муносибат табрик гуфта, барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин, бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кору фаъолият карда истодаанд.

Страницы