Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» дар ноҳияи Дарвоз
Нашр шуд. Сеш, 15/08/2023 - 15:0715 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.