Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз «Майдони ромишгарон»-ро ифтитоҳ намуданд

15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Абдулло Назрӣ қомат афрохтаанд.

Муҷассамаи ин чеҳраҳои мондагор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик бо санъати баланди наққошӣ сохта шудааст.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» дар ноҳияи Дарвоз

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо мақсади шаффоф баргузор гардидани даври сеюми он ҷаласаи корӣ доир шуд

Аз 14 то 26 август даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол» баргузор гардид

11 август дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол», ки ба муваффақияту дастовардҳои футболи Тоҷикистон дар даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст, баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Страницы