Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Войт Ҳайдро» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.

Дар ин қитъаи неругоҳ барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ошхонаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор доданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.

Ошхона барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба талаботи санитарӣ — гигиенӣ ва зиддисӯхтор ҷавобгӯ аст. Лоиҳаи бинои ошхона аз ҷониби мутахассисони ширкати мазкур таҳия ва дар  корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.

Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира  мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.

Страницы