Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Нашр шуд. Чор, 09/08/2023 - 17:479 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Ин нақб аз сатҳи баҳр дар баландии 1043 метр воқеъ буда, дарозии он 387 метрро ташкил медиҳад. Дар айни замон корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома доранд. Ҷалби коргарону мутахассисони баландихтисос ва тибқи талабот пеш бурдани раванди сохтмон ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо мусоидат намудааст.