Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Нашр шуд. Чор, 09/08/2023 - 18:25Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.