Байни Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

4 август дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамоофарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.

САРЗАМИНИ КӮҲҲОИ АЛМОСИН ВА ОБҲОИ НУҚРАГИН. Тоҷикистон бо кӯҳҳои ҳайратангези худ сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон

8-уми  августРӯзи байналмилалии кӯҳнавардон. Тибқи арзёбиҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз нуқтаҳои асосӣ- ин сайёҳии кӯҳнавардӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки моҳи феврали соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарин дар  Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Куми

РАМЗИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ намуданд

Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод.

Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Страницы