Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён
Нашр шуд. Душ, 31/07/2023 - 18:12Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.