Аз 1 август сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро истифода мебаранд
Нашр шуд. Душ, 31/07/2023 - 18:57Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay) -ро дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи “Пардохти ҳушманд” (Smart Pay) амалӣ мегардад.