ТВ Кӯлоб ба формати HD - дақиқияти баланди пахш гузашт

Субҳи 29 июли соли равон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати  шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули муроҷиати шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.

Вохӯрии якуми роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин (C+C5) доир гардид

24-26 июл дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин (C+C5) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

«АНДАЛЕБ-2023». Дар ноҳияи Ашт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ ҷамъбаст гардид

Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.

Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону иштирокдорон 105 хол сазовор дониста шуд.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 июл таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Страницы