Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ гардид
Нашр шуд. Ҷум, 21/07/2023 - 11:4019 июл Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2022 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз рӯи баҳогузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 70 фоизи ҲРУ ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.