Дар Душанбе бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Нашр шуд. Пан, 20/07/2023 - 09:47Дар Муассисаи давлатии «Маркази илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҳолатҳои коррупсионӣ, терроризм ва экстремизм бо иштироки намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони муассисаи мазкур ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.