Ноиби президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт: «Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо ва навсозии неругоҳҳоро татбиқ менамоем»
Нашр шуд. Душ, 10/07/2023 - 11:4317 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт вориди Тоҷикистон шуд.