Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуданд
Нашр шуд. Ҷум, 07/07/2023 - 14:497 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.