Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани 200 нафари дигар имконпазир аст.

Ифтитоҳи Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир” дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026  аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.

Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш боз 10 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ  асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.

Страницы