Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб” дар шаҳри Бӯстон
Нашр шуд. Пан, 06/07/2023 - 10:596 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ бо 15 ҷойи доимии корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” - 2022-2026 дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.