Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд
Нашр шуд. Душ, 10/07/2023 - 11:45Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бипазиред.