Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Нашр шуд. Душ, 26/06/2023 - 19:22Ҳамватанони азиз!
Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромии пойдор ва осоиши рӯзгор орзу менамоям.
Бисту шаш сол қабл аз ин, яъне 27-уми июни соли 1997 санади сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ гузошта шуд.