Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Оростани дастархони идона ва идгардак як анъанаи мардумӣ аст, на исломӣ. Ба ҷо овардани онҳо суннати ид нест!»
Нашр шуд. Якш, 25/06/2023 - 17:17Мо дар остонаи таҷлили Иди Қурбон қарор дорем. Ҳарчанд масъалаи пешгирӣ аз идгардак дар байни кўдакону наврасон ва ҳатто калонсолон, роҳ додан ба исрофкорӣ ва оростани дастархони пурдабдабаи идона пайваста таъкид гардад ҳам, мутаассифона ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрвандони мамлакат огоҳона ба чунин амалҳои хилофи таъкидҳои исломӣ ва талаботи қонунгузории мамлакат даст мезананд ва фарҳанги маросими диниро риоя намекунанд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин маврид чунин изҳори назар намуд: