Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба фаъолияти коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ оғоз бахшиданд
Нашр шуд. Ҷум, 07/07/2023 - 14:50Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминиро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва банду басти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷаъфар” таъсис дода шудааст. Дар корхона барои беш аз 25 сокини ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду банду басти чормағзи заминӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Тавассути ин хати технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар банду баст анҷом дода мешавад.