Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди «Бӯстон-Обшорон-Зарнисор»-ро ба истифода доданд
Нашр шуд. Ҷум, 07/07/2023 - 11:007 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ ва як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.
Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.