Ахбор

Ҳайати Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини Раиси Ҳукумат Марат Хуснуллин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад

Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия  Марат Хуснуллин  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин сафар,  мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас ҷамъбаст гардид

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас ва намоиш — фурӯши он баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва ҳунармандони моҳир аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Хабари сӯхторҳои калонмиқёс ва зиёни бисёр дар вилояти Абай — дар шарқи Қазоқистон, ки талафоти ҷониро ба бор оварданд, боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд

12 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакаваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Страницы