Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 8 июн Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Бахшида ба 100-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳо конфронс доир гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100 -солагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукуҳӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Аминҷон Шукӯҳӣ дар адабиёти муосири тоҷик» конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва олимону донишмандон иштирок намуданд.

Филми мустанади «Тоҷикон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия мешавад

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон»-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузориву оҳангсозии филмро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад...

Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ таъсис меёбад

2 июн муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони «Паймони марказҳои зеҳнии Чин + Осиёи Марказӣ» иштирок карда, дар ҳошияи ҷаласаи аввал  сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони

Страницы