Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин
Нашр шуд. Пан, 18/05/2023 - 12:29Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд:
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ;
— Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба қабули таҷҳизоти экспертизаи судию тиббии муайян намудани ДНК;