Ноиби президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт: «Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо ва навсозии неругоҳҳоро татбиқ менамоем»
Нашр шуд. Душ, 10/07/2023 - 11:43
17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт вориди Тоҷикистон шуд.

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.
8 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.
Имрӯз, 7 июл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳоикории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост» баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.



