Ахбор

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ баррасӣ гардид

22 феврал дар Душанбе ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда баррасӣ карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳлати фаъолияти Сезин Синаноғлу ҳамчун ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

АМИТ «Ховар»

Амалиёти низомии «Марз-2021» бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дорои неруи пуриқтидори ҳарбӣ аст

Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии  мамлакат соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд. Чунин иброз доштааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод дар мақолаи хеш бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

13 сол қабл ба Иди Наврўз мақоми байналмилалӣ дода шуд

13 сол қабл, 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 мамлакати ҷаҳон чун иди расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. 

Наврӯз яке аз ҷашнҳоест, ки  таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Страницы