Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуданд
Нашр шуд. Душ, 24/04/2023 - 21:3424 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуданд.
Майдони умумии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” 10,14 гектарро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи якум гармхона дар масоҳати умумии 3,3 гектар бунёд ва ба парвариши сабзавоти гуногуни барвақтӣ нигаронида шудааст.